Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
САҶҶОДА
Мусулмонон! Ман аз саҷҷода мешармам, Аз покиза фарши куҳнаи матрук, Аз ин мероси аҷдодам,
ТАҚВИМИ ҒУРБАТ
Маё, эй боди Наврӯзӣ, Мазан наштар ба рагҳоям, Ба васвоси баҳорон аз чӣ андозӣ ба савдоям, Фазои синаам аз абрҳои ғусса лабрез аст.
РАФТ
(Ба ёди шодравон дуктур Забҳуллоҳ Сафо, донишманд ва пажӯҳишгари забони форсӣ) Шаби дӯшин, ки пеши чашми ман,
ТАГБАЙТ
Саҳаргоҳе зи бозигоҳи тифлон, Кӯдакам бо чашми тар баргашт, Ва бо буғзе, ки будаш дар гулӯ пурсид, Бигӯ, бобо,
СИККАИ ДОҒ
Боз дар оташи ин пурсиши беҳуда маро месӯзӣ, Аз чӣ пайваста зи ман мепурсӣ, Падарат кист? Падарам ринди назарбозе буд,
ОДАМҲО
Ҳой, одамҳо! Эй гулӯи кӯчаҳоро коматон ханҷар, Эй сукуни хоби шаҳр аз дастатон н-ором, Эй танӯри худсариҳоро шумо ҳезум,
НИГИНИ САБЗИ ИМОН
Дареғ, эй ҳамраҳон, эй ҳамдилон, эй номҷӯёни ғурурободи навмедӣ, Ки он гарде, ки аз коми наҳанги сурх берун ҷаст,
ВАСВАСА
Дили ман танг шуда, Тангтар аз дили моҳӣ, ки фитад дар мурдоб, Тангтар аз дили қумрӣ, ки ҷаҳонаш қафас аст. Чӣ қадар дилгирам?
ГУЗАРГОҲИ ШАҚОИҚ
Чӣ хиҷолатзада субҳе, Чӣ дурӯғин шафақе. Осмон домани хунин дорад, Кас надонад, ки дар он обе дур,
ТАРС 2
Шомгоҳон, ки нигоҳам ба уфуқ мепечад, Ғами нашнохтае, Синаамро ба лагад мекӯбад.
АЗ РЕШАҲОИ СӮХТА
Оҳ! Дастам хушк, Бо теғе бурутамро буридам, Иддаои мард будан дорам, аммо Андар ин даъво
ПАЁМБАР
Яке номарди насронӣ, занеро назди Исо бурд, Ва дар маҳзар шаҳодат дод, Ки ин зан покдоман нест.
ДАР СӮГИ ТОКИСТОН
Дилам аз барқи фарёде, ки рӯзе, ҳамзабоне аз табори нур, дар гӯшам фурӯ хондаст пурнур аст,
МЕРОС
Кӯчабоғи хотирам аз инъикоси панди меҳромези модар, То кунун лабрези гулбарг аст, Модарам,
ҶОДА МЕМИРАД
(Ба ёди пайкари захмии ҷодаи Майванд) Ҷода ҳар шаб мезанад фарёд, Ҷода захме дорад аз бедод, Ҳой, мардум,
ДАР ГУЛӮИ САМОВОР
Ман шохаи бурида зи як соқаи тарам, Зиндонии гулӯи самовор мондаам, Дур аз дами баҳор, Бегона бо шарор,
ТАСВИР
Гуфтӣ аз мавҷ бигӯ, Мавҷ ҳама муъҷизаест, Ҳама зарроти танаш эъҷоз аст, Гоҳ сар то ба қадам мешиканад,
ТАСВИРИ МОДАР
Гирифтам номаҳои ҷонфизоятро, Чаро ҳар бор мепурсӣ, Ки дар ғурбат Чӣ мебинам,
ГАРМ
Шеъре ҳам аз барои баҳорон сурудаам, Шеъре, ки аз кавири дилам чун гиёҳи ғам, Беҳуда растааст, Шеъре, ки атри ғунчаву рангинии чаман,
ЗАБОНИ ТОЗИЁНА
Аё, Ватан, ки синаам Пур аст аз ҳавои ту, Дилам ҳанӯз метапад, Ба ёди кӯчаҳои ту.
ШАРИКИ ШАЁТИН
Кабӯтарони сафеди сахӣ! Чӣ пеш омад? Ки зоғҳои сияҳ хобатон парешон кард, Чӣ шуд,
ХОЛАИ НАВРӮЗӢ
Хола, Наврӯзӣ! Маяфшон доманат имсол бар мо, Файзи домонат насиби некбахтон бод, Мо чамангумкардагонро навбаҳоре нест,
НАҶВОИ ДИЛ
Солҳо шуд бод, Марги тадриҷӣ ҷангалро занад фарёд, Бод дар наҷвои хунинаш, Медиҳад ҳушдор мурғонро.
ТАНДЕСИ ШАҲОМАТ
Эй ғамат чун ишқ дар аъмоқи ҷон мадфун, Эй ба ҷои ашк ҷорӣ аз ду чашмат хун. Эй дилат ғамгин зи андӯҳ, Эй ғамат сангинтар аз кӯҳ.
ШЕЪРИ МОДАР
Соҳил имрӯз хамӯш аст, Мосаҳо шуставу намнок, Мавҷи каф бар лабу девонаву маст, сӯи ман меояду бармегардад.

