Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТАСВИР

Гуфтӣ аз мавҷ бигӯ, Мавҷ ҳама муъҷизаест, Ҳама зарроти танаш эъҷоз аст, Гоҳ сар то ба қадам мешиканад, Гоҳ по то сари ӯ парвоз аст. Баҳр як дашти бузург аст, Дашти оинаву тасвир, Дашти сад гуна тамошо, Мавҷҳо хайли ғизолони ваянд, Ки дар ин дашти бузург, Ба чаро меоянд. Имшаб аз мавҷ шунидам, Ки ба андӯҳи бузург, Дар буни гӯши яке санг ҳикоят мекард, Он сӯи об, Дар он соҳили дур, Боғи вайроншудаест. Як замон хонаи хуршеди беҳаш мегуфтанд, Дари ин боғ касе бар рухи селоб кушуд. Дигар он ҷо, На чароғест, на сарв, Боғбон ҳалқовез, Ғунчааш зеби сари найзаи дуздон шудааст, Чаманаш сарду хамӯш, Сабзаҳо хокистар, Мурғи хуршед аз он лона гурезон шудааст, Ҳайфи он боғ, ки вайрон шудааст. Ҳайфи он боғ...