ХОЛАИ НАВРӮЗӢ
Хола, Наврӯзӣ!
Маяфшон доманат имсол бар мо,
Файзи домонат насиби некбахтон бод,
Мо чамангумкардагонро навбаҳоре нест,
Боғи моро сел вайрон кард,
Гулбуни мо хоби гул кардан намебинад,
Нахли мо дар интизори баргу боре нест.
Хола, Наврӯзӣ!
Маё аз нардбони абрҳо поин,
Чун парӣ бар гунбади рангинкамон биншин,
Дигар ин ҷо гул намерӯяд.
Кӯчаҳо,
Аз шӯри шодиофарини кӯдакон холист,
Қӯғи оташ зеби дасти наварӯсон аст,
Субҳгоҳон,
он чӣ меояд ба гӯшат,
чаҳ-чаҳи шоди парасту нест.
Ин садо аз мурғи дастомӯзи дуздон аст,
Мурғи мошиндор,
дар сӯрохи ҳар девор пинҳон аст.
Хола, Наврӯзӣ!
Бешаи моро шаётин
Дар ҳисори хештан доранд.
Соли дигар,
гар дар ин махрубаҳо,
афтад гузорат.
Мадфани моро нахоҳӣ ёфт,
Ҷисми моро инфиҷоре маҳв хоҳад кард,
Мурдаи моро мазоре нест.