Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

НАҶВОИ ДИЛ

Солҳо шуд бод, Марги тадриҷӣ ҷангалро занад фарёд, Бод дар наҷвои хунинаш, Медиҳад ҳушдор мурғонро. Ҳой, мурғон! Лонаҳотон меравад барбод, Лек ҷангал, Гӯё Дар як сукути марг хобида. Посухе, Ё нолае, Аз ошное барнамехезад. Бод ғавғо мекунад, Аммо Мебарад ғавғои ӯро бод. Ман аз ин ҷо аз канори соҳили обод, Марги ҷангалро намехоҳам кунам бовар, Ҳамсадо бо об, Ҳамнаво бо бод, Мезанам фарёд. Ҳой, мурғон! Лонаҳомон гар равад барбод, Метавон дар лои ангуштони ҳар нахле, Ки фардо қад барафрозад. Бо хасу хошоки дигар Лонае дигар кунем обод. Лек, ҷангал гар бисӯзад, дар танӯри оташи бедод, Дигар аз хокистари сарде, ки фардо, аз шумо, аз мо, аз ин ҷангал, аз ин дарё баҷо монад, Шохаи сабзе нахоҳад руст,
НАҶВОИ ДИЛ | Шоирон