ТАНДЕСИ ШАҲОМАТ
Эй ғамат чун ишқ дар аъмоқи ҷон мадфун,
Эй ба ҷои ашк ҷорӣ аз ду чашмат хун.
Эй дилат ғамгин зи андӯҳ,
Эй ғамат сангинтар аз кӯҳ.
Эй ҳисорат ояе аз қиссаҳои дур,
Кӯҳсорат саркашу озоду мағрур.
Эй ту тандеси шаҳомат,
Эй саропо истиқомат.
Эй гиромӣ лона, Меҳан!
Эй маро ҷонона , Меҳан!
Хори даштатро бинозам,
Он ки ташна ҷон бибозад,
Лек ҳаргиз,
Сар ба пои абри найсон хам насозад,
Гар биёрад ғайри марҳам,
Бо намак захмат бисозад,
Лек бо марҳам насозад,
Эй дарахти пири торих,
Решаат дар синаи аъсор,
Қоим боду доим бод.
Шоху баргатро худо аз боду борон кам насозад.