Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШЕЪРИ МОДАР

Соҳил имрӯз хамӯш аст, Мосаҳо шуставу намнок, Мавҷи каф бар лабу девонаву маст, сӯи ман меояду бармегардад. Мурғи дил гарчи асири қафас аст, Ҳамраҳи мавҷ надонам, ки чиро мехонад. Модар! Аз шӯриши мавҷ, дилам овози туро мешунавад. Модар! Имрӯз дилам шеъри туро мехонад. Бар сари санг, ба наздикии об, Мурғаке гарми ибодат, Сари як пой ситодаст дуо мехонад... Пари ин мурғ сапед аст, Синааш пок зи кин, Ба чунин хубию покӣ, Ба Худо модарам аст ин, Аз раҳи дур расидасту маро мехонад.