Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ЛАҲЗАҲОИ ДАШТ

Маро гуфтӣ, ки дар шаҳр аз чӣ дилтангӣ? Чӣ кам дорӣ? Чӣ ғам дорӣ? Чаро бо кас наёмезӣ? Чаро бо хеш дар ҷангӣ? Баҷо гуфтӣ, Ман аз даштам, Ман аз ҳар ҷо, ки девор аст безорам. Дар он паҳнои бе девор, Ҳар ҷое дилам мехост мегаштам, Маро дар дашт, Рӯи регҳои гарм Ширин хобгоҳе буд. Маро дилбастагӣ бо неши ҳар хоре, Маро улфат ба ҳар барги гиёҳе буд, Тану ҷони маро бо буттаҳои дашт пайванд аст, Ҳанӯзам дил, Ба ёди лаҳзаҳои дашт хурсанд аст. Чу шаб мешуд, Умеди субҳгоҳӣ буд, Зи танҳоӣ чу мешуд хотирам ғамгин, Ба сӯи издиҳоми шаҳр ҳам борик роҳе буд. Напиндорӣ, ки ман дар дашт, Бекас будаму танҳо, Кабӯтарҳо зи дастам дона мечиданд, Ғизолонро зи рӯи лутф Сӯи ман нигоҳе буд. Чу дижхайми сиёҳе дар биёбон соя меафканд, Ридои махмали торикшаб, Пӯлакнишон мешуд, Ва бар амвоҷи зулмат заврақи заррини моҳе буд. Намедонам чӣ тӯфоне Дарахти решадорамро Аз он паҳнои бе девор бар зиндони шаҳр овард. Намедонам, чӣ шайтоне, Гирифт аз даст ҷомамро,