СИККАИ ДОҒ
Боз дар оташи ин пурсиши беҳуда маро месӯзӣ,
Аз чӣ пайваста зи ман мепурсӣ,
Падарат кист?
Падарам ринди назарбозе буд,
Ки ба қавли Ҳофиз:
Равзаи хулди баринро ба ду гандум бифурӯхт.
Падарам шояд,
Аввалин ошиқи дилсӯхта буд,
Ки зи дидори зане васваса шуд,
Санг бар дидаи тақвояш хӯрд.
Дар сарошеби ҳавас гом ниҳод,
Ишқро бовар кард.
Қиссаи ишқу ҳавасро падарам нуқтаи оғозе буд,
Падарам дар шаби торики биҳишт,
Кӯраи оташи исён афрӯхт,
Падарам ранҷи ҳақорат накашид.
Падарам ҷон ба асорат насупурд,
Дасти маъшуқ гирифт,
Аз биҳишти абадӣ берун шуд.
Аз падар он чӣ ба ман мерасад озодагияст,
Падарам марде буд,
Синааш вусъати дарёро дошт,
На аҷам буд, на тозӣ, на сиёҳ,
Номи ӯ Одам буд.
Об зан бар рухам, эй дӯст, ки бо боли хаёл,
Аз ҷаҳон дур шудам,
Насабамро пурсидӣ?
Падарам Помир аст.
Модарам ҷалгаи сарсабзи Ҷануб,
Хоҳарам чашмаи покизаи об.
Ду бародар дорам,
Коҷи худрӯи зи ман кӯчактар.
В-он сапедори куҳансол зи ман пиртар аст.
Лолаҳо низ ҳама хеши мананд,
Ҳама ҳамкеши мананд,
Ҳама аз кишвари хуршед мусофир шудаем,
Сиккаи доғ ба ҷайб,
Сафари дур ба пеш...