САҶҶОДА
Мусулмонон!
Ман аз саҷҷода мешармам,
Аз покиза фарши куҳнаи матрук,
Аз ин мероси аҷдодам,
Ки мазлумона дар кунҷе фаро афтода мешармам.
Ман аз саҷҷода мешармам,
Ки ин саҷҷода аз ман саҷда мехоҳад,
Ва ман бо ин сари ошуфта аз савдо,
Сапедори тиҳидастам,
Ки аз беҳосилӣ мастам.
На дар пешониам доғи суҷуде нақш барбаста,
На бар оинаи зеҳнам
Ғубори кӯчаи ихлос биншаста.
Саҳаргоҳон,
ки аз баҳри намоз омода мегардам,
Надонам, бо кадомин обрӯ
худро муқобил бо Худо созам,
Намози беҳузурамро,
надонам,
дар чӣ меҳробе адо созам?
Ҳузуре дар намозам нест,
Ба рӯи мижа
марвориди ашке аз ниёзам нест.
Ба тору пуди ин саҷҷода, ёрон, розҳо хуфта,
Равони хастаи бобо,
Тани афсурдаи модар.