Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШАВҚ

Инак, инак, лаҳзаи дидор шуд наздик, Лаҳзаи дидори фарзанди фирорӣ аз ҳарими модари бемор шуд наздик. Хуни шарму шавқ дар рагҳои ман ҷорист, Шавқ гӯяд: Гомҳоро тезтар бардор. Шарм гӯяд: Сабр кун охир чӣ бетобист? Ман миёни шуълаҳои шарму шавқи хеш даргирам, Шавқ, яъне, хоки Меҳан, пои модар, Ё ки чашми интизори кӯдакеро боз бӯсидан. Шарм, яъне Аз паси ин солҳо дурӣ, Бо кадомин обрӯ боист, Ҳар якеро ҳол пурсидан.
ШАВҚ | Шоирон