БАҒДОД
Боз кун чашмонат, эй Бағдод,
Эй баландовоза шаҳри номдори Шарқ,
Боз кун чашмонат, эй Бағдод,
Эй зебонигини сабзи ангуштари торих,
Пайкарат ҳарчанд хунин аст,
Боз кун чашмонат, эй Бағдод,
Рост кун қомат, мабодо ҷон диҳӣ дар бистари торих.
Охир, эй Бағдод!
Эй дорулхилофа,
Ин ҳама номардумӣ якбора бар ҷонат чаро рафт?
Охир, эй Бағдод,
Эй маҳди тамаддунҳои пешин,
Абҳати дерини давронат куҷо рафт?
Боз кун чашмонат, эй Бағдод,
Чун ту ҳаргиз кас мабодо куштаи бедод.
Каргасони оҳанинпар,
Аз кадомин ҷангал охир,
Парфишон бар осмони покат омад,
Аз кадоме абр
Ин тӯфони вайронгар ба сӯи хокат омад?
Бомдодон,
Кӯдакон бо инфиҷори бамб чун аз хоб бархезанд,
Аз чӣ кас бояд бипурсанд:
Чист ин мурғони оташбор?
Кист он меҳмони марговар?
Кист ин девона машҳур,
Инак, бар мо мефиристад оташе аз дур.
З-ин биноҳои баланду зиндаву мағрур шармаш бод,
З-ин куҳнавайронаҳои калдаву ошӯр шармаш бод.
Донам, эй Бағдод,
К-ин тӯфон ба номардӣ туро вайронае хоҳад сохт,
Донам, эй Бағдод,
Сели ҷанг фарзандони маъсуми туро бехона хоҳад сохт.
Лек инро низ медонам,
Як рӯзе ҳақ агар пирӯз гардад,
Нағмахон мурғи сапеди сулҳ,
Бори дигар зери сақфи хонаҳоят лона хоҳад сохт.
Донам, эй Бағдод, эй вайронаи обод,