Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ФАСОНА

Ба ман дигар сухан аз шеъру тарона магӯй, Ба гӯши ман, дигар, эй ҳамнафас, фасона магӯй. Ки кӯтақуфлии зиндони долларистонам, Ва мунҷамид зи дами сарди ин зимистонам. Ҳаромзода фазои мусаллат аст ба шаҳр, Худо ба ёди касе нест. Ва сирф, дар маросими савганд, ёд мекунанд ӯро. Дар ин ҷаҳаннами сӯзони зӯру зар ту бигӯ, Ки ман зи атри кадомин баҳор қисса кунам? Чанор чӯбаи дор асту сабза наштари сабз, Ва барги бед ба теғи бараҳна мемонад, Дар ин масоҳати фарҳанги интиҳори ҳунар, Ки раҳравон ба забони кулӯла медиҳанд салом, Суханварон ҳама лоланду хомаҳо ҳама кӯр, Ғазал ба тифли ятиму гурусна мемонад, Ки бо фаро расидани шаб мешавад ғамаш садчанд. Ва зор-зор ба кунҷе нишаста, мегиряд, Зи бешае, ки буриданд решаҳои маро, Чӣ гӯямат, ки баҳорон чӣ созу барге дошт, Чӣ гӯямат, ки дар он чашмаҳо чӣ обе буд? Аҷаб замону аҷаб макон, ки моро буд. Агарчи суфраи мо холӣ аз табассум буд, Ва тирамоҳ, ки ҳангомаи дарав мешуд, Миёни хирмани мо, коҳ бештар зи гандум буд. Дарахти зиндагии мо, Бале, заъиф, вале нимасоз барге дошт, Агарчи зиндагиаш холӣ аз табассум буд,