Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТОИРИ ШИКАСТАДИЛ

Ман он тоири болу пар бастаам, Ки аз сайри гулшан назар бастаам. Ба тори дилам арзи овоз нест, Ба болу парам ранги парвоз нест. На бар шохи гул бастаам ошён, На чун булбул аз шавқ дорам фиғон. Маро орзуе ба дил шуд падид, Ки чун гул гиребони сабрам дарид. Аз он орзу хирманам сӯхтанд, Сипас нағмаи ишқам омӯхтанд. Намуданд сайдам ба найранги ишқ, Диламро шикастанд бо санги ишқ. Бад-он сон зи барқи вафо сӯхтам, Ки аз фарқ то шасти по сӯхтам. Агар нолаҳои дилам шуълазост, Ва ё шуъла хезад зи оҳам равост. Ки аз орзуҳо шарорам заданд, Шарарҳо ба мушти ғуборам заданд. Кунун шуълаҳо бар забони ман аст, Забони шарар тарҷумони ман аст. Наёяд дигар нола аз нои ман, Нарезад дигар май зи минои ман. Дилам мурду андеша мотам гирифт, Гулӯи маро гиря маҳкам гирифт. Ба гулшан касе ҳамзабонам нашуд, Кас огаҳ зи сӯзи ниҳонам нашуд. Зи гулзор қатъи назар мекунам, Сари хешро зери пар мекунам.