Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ГУФТУГӮ

Боз мехоҳам хурӯше сар кунам, Дар чаман шӯр афканам, маҳшар кунам. Гарчи н-ояд нолае аз нои ман, Осмон бар санг зад минои ман. Доғи ҳасрат дар гулӯям сурма рехт, Тору пуди ишратам аз ҳам гусехт. Дар парам нерӯи парвозе намонд, Бар лабам оҳи фалактозе намонд. Рафт гармӣ аз навои дилкашам, Бе ҳарорат монд умре оташам. Нағмаҳо дар пардаҳо хобидаанд, Нои моро аз найистон чидаанд. Найнавозе нест, то бинвозадам, З-ин сукути марг берун созадам. Сахт маҳрумам зи анвори улум, Хоҳам имдоди ту, эй Мавлои Рум. Муршидо, хоҳам, ки имдодам кунӣ, Дар тариқи шавқ иршодам кунӣ. Гармие бахшой овози маро, Боз деҳ он сӯзу он сози маро. Боз деҳ он сӯз, то созе кунам, Дар ҷаҳони ишқ овозе кунам. Гар дар ин гулзор бори хотирам, Боғбононро ғубори хотирам. Гулбуне, к-афсурда бошад хок беҳ, Аз вуҷудаш ин гулистон пок беҳ. Аз бари ман ин дили бетоб гир, Ё зи чашми дигарон ин хоб гир. Оташе бар ҷони бетобам бидеҳ, Ё ба ранги дигарон хобам бидеҳ. Ё бигир аз ман дили дардофарин, Ё ба ҳар дил андаке дард офарин. Умрҳо нолидам аз дарди дарун, Ҷои ашк аз дида омад мавҷи хун. Лек донистам надорад нола суд, Чун касеро гӯши таҳқиқе набуд. Кас нагуфт: Ин тоири овора кист? Ин шаҳиди лаззати наззора кист?