Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ШУКӮҲ

Боз ин дил шӯриши дигар гирифт, Достони хешро аз сар гирифт. Гарчи н-ояд нолае аз нои ман, Осмон бар санг зад минои ман. Доғи ҳасрат дар гулӯям сурма рехт, Тору пуди ишратам аз ҳам гусехт. Дар парам нерӯи парвозе намонд, Бар лабам оҳи фалактозе намонд. Рафт гармӣ аз навои дилкашам, Бе ҳарорат монд умре оташам. Нои мо то аз найистон чидаанд, Нағмаҳо дар пардаҳо хобидаанд. Найнавозе нест, то бинвозадам, З-ин сукути марг берун созадам. Хоҳам имдоди ту, эй Мавлои Рум! То барам бар ноумедиҳо ҳуҷум. Муршидо, хоҳам, ки имдодам кунӣ, Дар тариқи ишқ иршодам кунӣ. Сӯхтам дар водии сӯзони ишқ, Гум шудам дар роҳи бепоёни ишқ. Гармие бахшой овози маро, Боздеҳ он сӯзу он сози маро. Боздеҳ он сӯз то созе кунам, Андар ин майхона овозе кунам. Шӯри мастӣ андар ин майхона нест, Ё ҳама хобанд, ё кас хона нест. Не, ғалат гуфтам ҳама дар хонаанд, Лекин аз файзи тапиш бегонаанд. Зиндагӣ танҳо на хобу хӯрдан аст, Гар табу тобе надорад мурдан аст. Умрҳо хобидаему хӯрдаем, Бе табу тобем, з-он афсурдаем. Гулбуне афсурда бошад хок беҳ, Аз вуҷудаш ин гулистон пок беҳ. Нахли моро, эй Худо, пурбор соз! Чашми моро, эй Худо, бедор соз! Зинда соз ин гулбуни афсурдаро! Ё бигир аз ман дили озурдаро!