Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ИМТИҲОН

Яке булбули зор дар гулситон, Ба шохи гуле карда буд ошён. Зи барқи вафо пайкараш сӯхта, Ба дил оташи улфат афрӯхта. Ба доми муҳаббат гирифтор буд, Дилу дидааш маҳви дидор буд. Зибас улфаташ буд бо рӯи гул, Шабу рӯз будӣ ба паҳлӯи гул. Шунидам ба ӯ гуфт вақти саҳар, Насими ҷунункеши девонасар: Ки эй содадил, ин чӣ шӯру навост? Бирав, тарки гул кун, ки гул бевафост. Ду рӯзе на беш аст ин рангубуй, Ту васфи гулу хубиашро магӯй. Биё, бо ман аз боғ берун равем, Ба дашту ба кӯҳсору ҳомун равем. Баровард булбул ба ҳасрат фиғон, Ки эй ғофил аз мазҳаби ошиқон. Ҷаҳон чун ту бемағз кам дидааст, Ҷунун бар шуури ту хандидааст. Бирав, бо ман ин гуфтугӯҳо макун, Зи рӯи дилам парда боло макун. Сабук метавон аз сари ҷон гузашт, Вале мушкил аз ишқи ҷонон гузашт. Ту гӯӣ, магӯ, васфи гул ин қадар, Агар гул нагӯям, чӣ гӯям дигар? Зи ишқ аст занҷир дар пои ман, Гар аз боғ берун равам, вои ман. Ба пои гулам ҷон супурдан накӯст, Зи боғам на берун шудан орзуст. Чӣ хуш гуфт он мурғи шириншиор, Ки бе дӯст бо ҷон маро нест кор. Ту ҳам, эй ки аз ишқ гӯӣ сухан, Ба дил гар туро ҳаст меҳри ватан. Зи гулзори бегона озод зӣ! Ба хушкида хори Ватан шод зӣ! Ба ишқи Ватан тарки ҷон боядат, Ба роҳи вафо имтиҳон боядат.