ҒАЙРАТИ ИШҚ
Шабе гуфт шамъе ба парвонае:
Надидам ба сони ту девонае.
Туӣ хасми болу пари хештан,
Ба оташ занӣ пайкари хештан.
Аҷаб расми беҳуда омухтӣ,
К-аз он хирмани хешро сӯхтӣ.
Набинӣ, ки оташ ба ҷонам бувад,
Шарарҳо ба нӯки забонам бувад.
Чаро хештанро ба оташ занӣ?
Ба ҷисми заифат чаро душманӣ?
Чу парвона ин ҳарфҳоро шунуфт,
Ба гирди сари шамъ гардиду гуфт:
Ки эй дар вуҷуди туам зиндагӣ,
Рухат манбаи нуру тобандагӣ.
Наям душмани пайкари хештан,
На беҳуда сӯзам пари хештан.
Маро ғайрати ишқ девона кард,
Ҷунунам ба даври ту парвона кард.
Чӣ сон чашми ошиқ тамошо кунад?
Ки шамъаш ба базми касе ҷо кунад.
Ҳамин гуфту худро ба оташ супурд,
Бияфтод дар пои он шамъу мурд.
Агар ошиқӣ ғайратомӯз бош!
Чу парвона сар то ба по сӯз бош!