Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ДАРСИ ИБРАТ

Саҳар аз гулистон насими баҳор, Насиме чу зулфи бутон мушкбор. Ба нармӣ ба рӯям вазидан гирифт, Дил андар канорам тапидан гирифт. Зи ҷо ҷастаму сӯи гулҳо шудам, Ба гулзор гарми тамошо шудам. Ба ҳар сӯ, ки чашмам назар мекушуд, Тамошо ба сад шавқ пар мекушуд. Зи ҷӯши гулу лолаву настаран, Ба боғу ба гулзору саҳни чаман. Ту гӯӣ зи товус пар рехта, Ва ё дар чаман мушки тар рехта. Нишастам ба наздики шохи гуле, Фиғон дошт бар шохи гул булбуле. Зи фарёди булбул ба мастӣ шудам, Даме фориғ аз ранҷи ҳастӣ шудам. Фаромӯш кардам ғами зиндагӣ, Таманнои бешу ками зиндагӣ. Ба ваҷд омадам аз тамошои гул, Чу булбул шудам масти минои гул. Ки ногаҳ яке ғунча нав боз шуд, Шукуфтан ба симояш оғоз шуд. Табассум зи лаб ончунон фош кард, Ки бар захми булбул намак пош кард. Ҳамедид сӯям ба чашми хаёл, Шунидам ба ман гуфт: Эй бекамол: Ба ҳуш ой, ин шӯру мастӣ зи чист? Ту булбул наӣ, гулпарастӣ зи чист? Тағофул ба чашмат ҳиҷобафкан аст, Вагарна туро ҳам ба дил гулшан аст. Чу ғунча агар сар ба ҷайб афканӣ, Ту дар зоти худ рашки сад гулшанӣ. Харад бар димоғат гули бехазон, Ба дил донишат гулшани ҷовидон. Ба худ бину роҳи тағофул гузор, Тамошои гулшан ба булбул гузор. Надонам, чӣ афсун дар он ғунча буд, Ки бар ман китоби ҳақоиқ кушуд.