ВАСВАСА
Дили ман танг шуда,
Тангтар аз дили моҳӣ, ки фитад дар мурдоб,
Тангтар аз дили қумрӣ, ки ҷаҳонаш қафас аст.
Чӣ қадар дилгирам?
Бишитобед ба дарбори Сахӣ,
Ришта бар тӯғи Алӣ Шери Худо барбандед,
Ки ҷину васваса аз колбадам бигрезад,
Варна ман мемирам.
Пари парвози нафас сангин аст,
Дили ман санг шуда,
Сангтар аз дили оташ, ки фитад дар хирман,
Сангтар аз дили шаҳбоз ба ҳангоми шикор,
Дили ман вақте,
Шишае буд
пур аз бодаи меҳр.
Дили ман рӯзе,
Қумрие буд раҳо дар ҷангал,
Шиша афтоду шикаст,
Бода афсӯс, ки рехт,
Ҷангал аз ҳодиса сӯхт,
Қумрӣ афсӯс гурехт.