МЕРОС
Кӯчабоғи хотирам
аз инъикоси панди меҳромези модар,
То кунун лабрези гулбарг аст,
Модарам,
бисёр маъсумона
дар гӯши дилам мехонд,
ҳеч касро бад набояд гуфт,
ҳеч кас бад нест.
Ман ба поси панди модар,
Ҳеч касро бад намедонам,
Лек агар сад бор
аз ҳар тори мӯям кас биёвезад,
Зиштро зебо нахоҳам гуфт,
Ё бадиро
аз барои маслиҳат,
некӯ нахоҳам хонд.
Эй накӯён,
Эй ки дар байни шумо як одами бад нест,
Аз шумо мепурсам охир,
Нек будан чист?
Бо ҷиноят хӯ гирифтан?
Кӯру кар будан?
Аз канори лаккаҳои хуни инсон,
Бе тафовут рад шудан?
Назорагар будан?
Нек агар ин аст,
пас бад кист?
Охир, эй некон, ба ҳуш оед,
Он чӣ дар канду ниҳон кардед,
гандум нест,
борут аст.
Кӯдакон, аммо
аз шумо нон,
аз шумо гул,
аз шумо лабханд мехоҳанд.
Эй накӯён!
Кӯдакон гар ҷон аз ин тӯфон бадар бурданд,
Кӯдакон