Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АЗ РЕШАҲОИ СӮХТА

Оҳ! Дастам хушк, Бо теғе бурутамро буридам, Иддаои мард будан дорам, аммо Андар ин даъво Решаи танҳо субутамро буридам, Нек медонам, Ки ин як дастаи мӯ бар пушти лаб исботи мардӣ нест. Лек дар вазъе, ки мо дорем, эй мардони хуфта зери сақфи сарди ғурбат, Дар вуҷуди мо ба ҷуз боду бурут асбоби мардӣ чист? Мо дигар не марди мард астем, не саропо зан, Кош танҳо мард мебудем, Ё ки танҳо зан. Ғурбат арзишҳои моро медиҳад барбод, Эй дусад лаънат ба ғурбат бод. Ман муханнас нестам, аммо Фасли мастиҳову мардиҳои ман рафта, Гар муханнасҳо ба аҳволам наханданд, Қувват аз аъзои ман рафта. Гоҳ чун зан, Дар ҳисори хона дар бандам, Гоҳ чун мардон бурун аз хона хурсандам. Ҷадди ман садсола шуд, аммо Пайкараш лабрези мардӣ буд, Лек ман дар нимароҳи зиндагӣ, аз по дарафтодам. Ҷадди ман, ҳамчун чинори пир шояд, Решаи маҳкам ба хоки зодгоҳаш дошт, Ман валекин борҳо,