ГАРМ
Шеъре ҳам аз барои баҳорон сурудаам,
Шеъре, ки аз кавири дилам чун гиёҳи ғам,
Беҳуда растааст,
Шеъре, ки атри ғунчаву рангинии чаман,
Бар байтҳои он,
Нақше набастааст.
Шеъре, ки хотироти сафаркардагони шаб,
Чун нақши пои раҳрави гумном рӯи барф,
Бар ҳарф-ҳарфи он,
Равшан нишастааст.
Ман таннаи дарахти хазондидаам, ки бод
Бишкаста шохҳои пур аз меваи маро,
Шавқи ҷавонаҳо,
Шавқи шукуфаҳо,
Шавқи дубора зинда шудан аз дами баҳор,
Аз пайкари шикастаи ман рахт бастааст.
Ман аз ниҳоди сардию аз жарфнои шаб,
Сӯи ту, эй баҳор,
Фарёд мекашам.
Ҳон, эй баҳори сабз,
Ҳон, эй баҳори гарм,
Ин шеъри сардро,
Бар мақдами сафои ту эсор мекунам.