Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
НИЁЗ
Мавҷи рақсангези пироҳан чу лағзад бар танаш, Ҷон ба рақс ояд маро аз лағзиши пироҳанаш. Ҳасрати гесӯ ба гирди гарданаш ҳасратнамост, Эй дареғо, гар расидӣ даст
БА НОМИ ШУМО
Замона қуръаи нав мезанад ба номи шумо, Хушо, шумо, ки ҷаҳон меравад ба коми шумо. Дар ин ҳаво чӣ нафасҳо пуроташ асту хуш аст, Ки бӯи хуни дили мост дар машоми
Мавҷи рақсангези пироҳан чу лағзад бар танаш
Мавҷи рақсангези пироҳан чу лағзад бар танаш, Ҷон ба рақс ояд маро аз лағзиши пироҳанаш. Ҳасрати гесӯ ба гирди гарданаш ҳасратнамост, Эй дареғо, гар расидӣ даст
ПАЯМБАРОНИ КОЗИБ
Мардакеро назди Ҳорунаррашид Шаҳна басту бурд, Ҳорунаш чу дид. Гуфт: Бикшо дастҳояш, кист ин? Шаҳна гуфто: Марди саҳроист ин.
ВАСВАСАҲОИ ҒУРБАТ
Дар маҳзари устод Восифи Бохтарӣ Эй сарам лабрези савдоят ҳанӯз, Хонаи дил ҷои ғамҳоят ҳанӯз. Гуфта будам, гар набошӣ, нестам,
БӮЗИНА ВА ДОРВИН
Дорвин чун рахт з-ин олам кашид, Рӯҳи ӯро ҳазрати Одам бидид. Гуфт: Эй фарзанди беақлу адаб, Бехабар аз решаи аслу насаб.
БАР ДЕВОР
Дар боргоҳи Ҳазрати Мавлоно Мужда, эй дил, сӯйи ҷонон меравам, Сӯйи он сархайли хубон меравам. Дар ҳавояш солҳо пар мезадӣ,
ВАЙРОНАҲО
Ба муносибати зилзилаҳои вайронгари соли 1998, ки вайронаҳои зиёде дар шаҳри Файзобод ва дигар маҳалҳо гузоштанду беш аз даҳ ҳазор кас шаҳид шуд. «Эй хирад барк
ИЛЗОМ
Эҳдо ба равони шаҳид доктор Ғуломсарвари Имонӣ Дод аз ин рӯзгори бадфарҷом, Ки кунад хуни ростон дар ҷом. Чарх бозигарест афсунгар,
ДОҒИ ТАБАР
Дӯш, кӣ дар ҳалқаи мо ёр буд? Маҳфили мо пок зи ағёр буд. Ёр чу афканд зи ораз ниқоб, Дар дили шаб ҷилва намуд офтоб.
АФРОСИЁБ
Шунидам, ки рӯзе ба Афросиёб, Чунин гуфт пире зи рӯи савоб: Ки дар ҷанг гар хун бирезад равост, Вале ҷавр бар бегуноҳон хатост.
ВАЙРОНА ВА ДЕВОНА
Ба шаҳре шунидам, ки девонае, Ҳамехуфт шабҳо ба вайронае. Набудаш ба хотир ғами чуну чанд, Саҳаргаҳ чу аз хоб мешуд баланд.
АМИРОН ВА АСИРОН
Шабе доштам хилвате бо китоб, Ба соқӣ чунин кард шоир хитоб: «Биё, соқӣ, аз ман бирав пеши шоҳ, Бигӯ ин сухан: К-эй шаҳи Ҷампаноҳ,
АСРОРИ МЕЪРОҶ
Шабе ёд дорам зи аҳди шабоб, Ки рафтам ба назди падар бо китоб. Нишастам бараш, даст бӯсидамаш, Зи асрори меъроҷ пурсидамаш.
АШК ВА ДИЛ
Қатраи ашкам ҳикоят мекунад, Аз муҳити дил шикоят мекунад. К-аз ман, эй дил, аз чӣ рӯ ранҷидаӣ? Роҳати ман аз чӣ напсандидаӣ?
ЗИНДАҲО ВА МУРДАҲО
Буд шаҳре в-андар он марде табиб, Покдил, аммо зи дониш бенасиб. Чун ба гӯристон гузораш мефитод, Ҳарду дасти хеш бар рух мениҳод.
РИШ ВА ТАШВИШ
Некмарде ҳамнишини шоҳ буд, Аз умури мамлакат огоҳ буд. Чунки меомад ба базми шаҳриёр, Он ҳакими некрою номдор.
ҲИСОРИ ДИЛ
Буд шоҳеро сипоҳе хашмгин, Карда кишварҳо басе зери нигин. Як шабе дар маҳфили дарбориён, Бо такаббур кард шоҳаншаҳ баён:
АБРУ ВА ОФТОБ
Эй дили овораи расвошуда, Эй ба ғурбат мондаву танҳошуда. Эй зи ҳар оворае оворатар, Эй зи ҳар бечорае бечоратар.
ҚАЛБИ ҶАҲОН
Дасти қудрат чун ҷаҳонро офарид, Обҳою хушкҳо омад падид. Насли Одам хокро тасхир кард, Ҳар нажоде маъмане таъмир кард.
ХОНАИ ПИНДОР
Шаб тамошохонаи пиндорро, Дар кушудам, то бибинам борро. Дар тамошохонаи пиндори худ, Эй дареғо, ман надидам ёри худ.
ИБЛИСОНИ ОДАМРӮЙ
Шомгоҳе дар раҳе будам равон, Тан равону дил ба фикри обу нон. Ман намедонам чунон шуд, ё чунин, Пои ман лағзиду хӯрдам бар замин.
НИЁИШ
Эй ба дил гардида пинҳон ҳамчу ҷон, Эй чу хун дар байни рагҳоям равон. Эй ту зеботар зи ҳар зеботарӣ, Эй ту волотар зи ҳар волотарӣ.
МЕЪМОРИ ГЕТӢ
Шунидам гуфт шогирде ба устод: Ки ин гетӣ шуд аз файзи ту обод. Туӣ меъмор ҳар ҷо хонае ҳаст, Ту обаш медиҳӣ, гар донае ҳаст.
МАРДУД
Ба гетӣ басе ман сафар кардаам, Зи ҳар кӯрароҳе гузар кардаам. Ба ҳар гӯшаи даҳр биштофтам, Зи ҳар гӯшае нуктае ёфтам.

