АШК ВА ДИЛ
Қатраи ашкам ҳикоят мекунад,
Аз муҳити дил шикоят мекунад.
К-аз ман, эй дил, аз чӣ рӯ ранҷидаӣ?
Роҳати ман аз чӣ напсандидаӣ?
Дар канори хеш парвардӣ маро,
Ошно бо ғусса чун кардӣ маро.
Рӯзҳо будем дар як анҷуман,
Розҳо гуфтем, аммо бесухан.
Нолаҳо кардем бегуфтушунид,
Қиссаҳо гуфтем аз биму умед.
Бо ҳама улфат, ки бо ҳам доштем,
Ҳамдигар чун муддаӣ пиндоштем.
Дарди ишқ омад, маро девона сохт,
Ҳамчу Маҷнунам бурун аз хона сохт.
Ҳеч ларзидӣ ба вақти рафтанам?
Ҳеч нолидӣ зи нолон гаштанам?
Ҳеч пурсидӣ, ки ин як қатра хун,
Аз чӣ рӯ гардид з-ин дарё бурун.
Бар сари мижгон кунун истодаам,
Гар нагирӣ дасти ман афтодаам.
Чун зи ашк ин гуфтугӯҳоро шунид,
Дил ба худ ҷунбиду фарёде кашид.
Гуфт: Ҷои шиква ин даргоҳ нест,
Қатра аз вазъи муҳит огоҳ нест.
Ман наранҷидам зи ту, эй бешуур,
Ту худат рафтию гаштӣ носабур.
Зодаи моию бо мо дар ситез,
Боядат сӯзам зи оҳи шуълахез.
Ту нифоқ эҷод кардӣ, эй лаин,
Нест беҷо гар бияфтӣ бар замин.
Ту худ аз пешам ҷудоӣ мекунӣ,
Худ ба мардум ошноӣ мекунӣ.
Ҳар кӣ бо бегонагон ҳамдаст шуд,
Бар замин афтод, охир паст шуд.
Лофи ишқу ошиқӣ беҷо мазан,
Хештанро ин қадар боло мазан.
Ишқ анқои баландовоза аст,
Ӯ ба ҳар вайрона кай хоҳад нишаст?