АСРОРИ МЕЪРОҶ
Шабе ёд дорам зи аҳди шабоб,
Ки рафтам ба назди падар бо китоб.
Нишастам бараш, даст бӯсидамаш,
Зи асрори меъроҷ пурсидамаш.
Зи меъроҷи он сарвари коинот,
Бигуфтам падар нест аз мумкинот.
Ки ин ҷисми хокӣ ба гардун равад,
В-агар рафта бошад, бигӯ, чун равад?
Падар гуфт: Фарзанд, гумраҳ шудӣ,
Нигоҳ дор поят, ки дар чаҳ шудӣ.
Сухан гуфтан аз муъҷизоти Расул,
Набошад сазовори ҳар булфузул.
Чу имон ба оёти Ҳақ оварӣ,
Назебад туро даъвии доварӣ.
Худо чун тавонои бечун бувад,
Тавонад, ки кӯҳе ба гардун барад.
Зи розе, ки воқиф нашуд Ҷабраил,
Ману ту чӣ гӯем бо ҳам далел?
«Худоогаҳонро дар ӯ роҳ нест,
Чӣ ҷои касе, к-аз худ огоҳ нест».
Надонӣ, ки ҳар кавкабе оламест,
Замин дар фазо қатрае шабнамест.
Ману ту бар ин қатрашабнам савор,
Чӣ донем асрори Парвардигор?
Чӣ хуш гуфт он сӯфии ҳақшинос:
Ки кори Худо н-ояд андар қиёс.
Зи меъроҷи он хотами анбиё,
Ба Қуръон шаҳодат диҳад Кибриё.
Писар, мункири қавли Қуръон мабош,
Мусалмон шаву номусалмон мабош.
Худҷӯй бошу Худоро шинос,
На аз гумраҳони Худоношинос.