АМИРОН ВА АСИРОН
Шабе доштам хилвате бо китоб,
Ба соқӣ чунин кард шоир хитоб:
«Биё, соқӣ, аз ман бирав пеши шоҳ,
Бигӯ ин сухан: К-эй шаҳи Ҷампаноҳ,
Дили бенавоёни мискин биҷӯй,
Пас он гоҳ ҷоми ҷаҳонбин биҷӯй».
Аз ин нукта ҷону дилам даргирифт,
Вуҷуди маро шуъла дар бар гирифт.
Ба оворагон кардам андешае,
Ки не баргашон монду не решае.
Зи бедоди мушти Худоношинос,
Ба ҳаққи Ватан хоину носипос.
Зи оғӯши Меҳан фирорӣ шуданд,
Гирифтори сад гуна хорӣ шуданд.
Бидоданд ҳастии худро ба бод,
Ки хомӯш нагардад чароғи ҷиҳод.
Дареғо, ки он қавми бесарнавишт,
Набардошт ҳосил, зи барзе, ки кишт.
Ба вайронагӣ боз вайрон шуданд,
Ба ҳиҷрат асири амирон шуданд.
Амирон ба коханду мардум ба хок,
Зи бедодашон синаҳо чок-чок.
Асирон ба хоки сияҳ дар хурӯш,
Амирон ба коханду дар хӯрду нӯш.
Бикун чорае довари додгар,
К-амирон шаванд аз асирон хабар.
Аз ин мастию худсарӣ вораҳанд,
Ба ҳирсу ҳавас баъд аз ин по ниҳанд.
Нишинанд дар сояи иттиҳод,
Гузинанд сармояи адлу дод.
Ту бикшо гиреҳ, ё Раб, аз кори мо,
Ки гул бишкуфад боз аз хори мо.
Шавад боз обод деворҳо,
Зи деворҳо гум шавад морҳо.
Бибин морҳоро, ки аждар шуданд,
Бибин, раҳзанонро, ки раҳбар шуданд.
Дигар раҳзанеро ту раҳбар масоз,
Аз ин беш моро ту абтар масоз.