Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ВАЙРОНА ВА ДЕВОНА

Ба шаҳре шунидам, ки девонае, Ҳамехуфт шабҳо ба вайронае. Набудаш ба хотир ғами чуну чанд, Саҳаргаҳ чу аз хоб мешуд баланд. Ҳамегуфт: Ё Раб, бало дур дор, Барои ман ин гӯша маъмур дор. Яке субҳгоҳе чу девона рафт, Зи аҳли гузар кас ба вайрона рафт. Ки хишту гилеро фароҳам кунад, В-аз он пушти девор маҳкам кунад. Қазоро зи раҳ марди маҷнун расид, Ғамин шуд чу он мард бо теша дид. Бад- ӯ гуфт: Эй дӯст, бардор даст, Ки бишкастаро кас нахоҳад шикаст. Набинӣ, ки вайрона ҷои ман аст, Ҳикоятгари ғуссаҳои ман аст. Мазан теша бар хоку бар хишти ман, Ки шабҳо ҳамин аст болишти ман. Ман аз ақл арчанд бегонаам, Дар ин шаҳр хонанд девонаам. Туро дидам аз хеш девонатар, Ки вайрона шуд аз ту вайронатар. Ҳама зӯру бозу ҳадар сохтӣ, Ки вайрона вайронатар сохтӣ. Агар марди роҳӣ ба тадбир кӯш, Чу вайрона дидӣ ба таъмир кӯш.