АФРОСИЁБ
Шунидам, ки рӯзе ба Афросиёб,
Чунин гуфт пире зи рӯи савоб:
Ки дар ҷанг гар хун бирезад равост,
Вале ҷавр бар бегуноҳон хатост.
Касе, к-ӯ надорад силоҳи набард,
Ба гирдаш ту, эй марди ҷангӣ магард.
Худо чун туро соҳиби тоҷ кард,
Раъият набояд, ки тороҷ кард.
Кунун гарчи Афросиёбе намонд,
В-аз ӯ қисса ҷуз дар китобе намонд.
На Рустам ба ҷо монду не разми ӯ,
На Ковусу Кайхисраву базми ӯ.
Вале чораи ҷангро кас накард,
Зи хун рехтан одамӣ бас накард.
Бигӯед ҷанговаронро зи ман,
Ки вайрона шуд аз он гиромӣ Ватан.
Басе хуни ноҳақ, ки бар хок рехт,
Басе ришта аз кашмакашҳо гусехт.
Басе нахли пурсояю борвар,
Ки зад кинатӯзе ба бехаш табар.
Басе пиру барно, ки ҷон бохтанд,
Ба беҳуда бар ҳамдигар тохтанд.
Басе рафт дар коми оташ китоб,
Басе масҷиду хонақаҳ шуд хароб.
Басе дил, ки аз ғусса дар хун нишаст,
Басе гул, ки нашкуфту гулбун шикаст.
Басе наварӯсони шамшодқад,
Сияҳпӯш гаштанд аз бахти бад.
Биё, то ба ҳам сулҳу созиш кунем,
Мурувват ба мардум суфориш кунем.
Биё, то бишӯем хунро ба об,
Зудоем доғи гунаҳ бо савоб.
Биё, то дил аз кина софӣ кунем,
Бадиро ба некӣ талофӣ кунем.
Биё, то ба таъйиди донои Тус,
Ки дорад ба авранги маънӣ ҷулус.
«Ба пеши ҷаҳондор паймон кунем,
Дил аз кина ҷустан пушаймон кунем».