Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

НИЁИШ

Эй ба дил гардида пинҳон ҳамчу ҷон, Эй чу хун дар байни рагҳоям равон. Эй ту зеботар зи ҳар зеботарӣ, Эй ту волотар зи ҳар волотарӣ. Эй пару боли хаёли шоирон, Эй зи ту равшан чароғи ахтарон. Эй ту маъбуди ҳама маъбудҳо, Эй зи ту мавҷуд ин мавҷудҳо. Эй, ки аз идроки мо болотарӣ, Ҳарчи воло гӯямат, волотарӣ. Каъба бе ту мушти санге беш нест, Сина бе ту гӯри танге беш нест. Бо ту будан роҳат асту зиндагӣ, Бе ту будан меҳнату шармандагӣ. То ту андар қалби ман ҷо кардаӣ, Хокро арши муъало кардаӣ. Он тавонам ку, ки таърифат кунам? В-он забонам ку, ки тавсифат кунам? Ҳар забоне дарх(в)ари тавҳид нест, Чашми ҳар кас лоиқи ин дид нест. Кай тавонад зарра васфи офтоб? Менагунҷад баҳр дар чашми ҳубоб. Зарфи мо кучак, ту баҳри бекарон, Пас ба ваҳми мо наоӣ бегумон. Ман чӣ медонам, ки чунӣ, эй Худо? Чун зи фаҳми мо бурунӣ, эй Худо. Ин қадар донам, ки ҷонони манӣ, Ҳам ту дарду ҳам ту дармони манӣ. Метапад дил, чун гирифтори ту аст, Дардманди завқи дидори ту аст. Авф кун, шармандаам, эй Кибриё, Ман куҷову дидани нури Худо? Нестам ман лоиқи дидори Ҳақ, Ман куҷову ҷилваи анвори Ҳақ. Гарчи чашмам лоиқи он нур нест, Лекин аз лутфат, Худоё, дур нест. Эй тавоноӣ, Карими корсоз, Чашми дилро боз кун, бедор соз.