БӮЗИНА ВА ДОРВИН
Дорвин чун рахт з-ин олам кашид,
Рӯҳи ӯро ҳазрати Одам бидид.
Гуфт: Эй фарзанди беақлу адаб,
Бехабар аз решаи аслу насаб.
Гарчи аз дониш Худоят баҳра дод,
Чун бани Одам бароят чеҳра дод.
Аз ҳарими одамӣ берун шудӣ,
Аз ҷаҳолат вориси маймун шудӣ.
Дафтари пешиниён барҳам задӣ,
Теша бар пойи бани Одам задӣ.
Базри ҳастиро чу холиқ барфишонд,
Одамиро ашрафи махлуқ хонд.
Нури Ҳақро одамӣ ойина буд,
Аз чӣ гуфтӣ асли ӯ бузина буд?
Иддаоят рост н-ояд бо хирад,
Он чӣ гуфтӣ кӯдаконро месазад.
Он суханҳоро чу аз Одам шунид,
Чун сипанде Дорвин аз ҷо ҷаҳид.
Гуфт: Бишнав, то бигӯям шарҳи ҳол,
Гарчи ин ҷо нест ҷои ин мақол.
Солҳо аз хилқати Одам сухан,
Гуфта омад аз забони марду зан.
Файласуфон гум дар ин саҳро шуданд,
Оқилон девона з-ин савдо шуданд.
Кас нашуд воқиф, ки ин мавҷуд кист?
Аз вуҷудаш мақсаду маъбуд чист?
Он яке гуфто, ки аз як мушти хок,
Одамиро сохта Яздони пок.
В-он дигар гуфто, ки оғози ҳаёт,
Об бошад баҳри ҳайвону набот.
Одамӣ ҳам зодаи об асту бас,
Қиссаҳои дигарон хоб асту бас.
Ҳеч кас ин розро ифшо накард,
Ҳеч нохун ин гиреҳро во накард.
Чашми ман ҳам чун ҳақиқатро надид,
Гуфтам аз бӯзина шуд Одам падид.
Чунки дар шаклу шамоил бо башар,
Ёфтам бӯзинаро наздиктар.