НИЁЗ
Мавҷи рақсангези пироҳан чу лағзад бар танаш,
Ҷон ба рақс ояд маро аз лағзиши пироҳанаш.
Ҳасрати гесӯ ба гирди гарданаш ҳасратнамост,
Эй дареғо, гар расидӣ дасти ман дар гарданаш.
Ҳар дамам пеш ояду бо сад забон хонад ба чашм
В-инчунин бигрезаду парҳез бошад аз манаш.
Метаровад бӯи ҷон имрӯз аз тарфи чаман,
Бӯсае додӣ магар, эй боди гулбӯ, бар танаш?
Ҳамраҳи дил дар паяш афтону хезон меравам,
Ваҳ, ки рӯзе гар ба чанги ман биафтад доманаш.
Дар саропои вуҷудаш ҳеч нуқсоне набуд,
Гар набудӣ ин ҳама номеҳрубонӣ карданаш.
Соя, кай бошад шабе, к-он рашки моҳу офтоб,
Дар шабистони ту тобад шамъи рӯи равшанаш?