Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

РАҲИЛ

Фарёд, ки аз умри ҷаҳон ҳар нафасе рафт, Дидем, к- аз ин ҷамъи пароканда касе рафт. Шодӣ макун аз зодану шеван макун аз марг, З - ин гуна басе омаду з - ин гуна басе рафт. Он тифл, ки чун пир дар ин қофила дармонд, В - он пир, ки чун тифл ба бонги ҷарасе рафт. Аз пешу паси қофилаи умр маяндеш, Гаҳ пешраве пай шуду гаҳ бозпасе рафт. Мо ҳамчу хасе бар сари дарёи вуҷудем, Дарёст чӣ санҷад, ки бар ин мавҷ хасе рафт? Рафтию фаромуш шудӣ аз дили дунё, Чун нолаи мурғе, ки зи ёди қафасе рафт. Рафтию ғам омад ба сари ҷои ту, эй дод, Бедодгаре омаду фарёдрасе рафт. Ин умри сабук Сояи мо баста ба оҳест, Дуде зи сари шамъ париду нафасе рафт.