ИЛЗОМ
Эҳдо ба равони шаҳид доктор Ғуломсарвари Имонӣ
Дод аз ин рӯзгори бадфарҷом,
Ки кунад хуни ростон дар ҷом.
Чарх бозигарест афсунгар,
Нони одам аз ӯст дар хун тар.
Ҷаҳлпарвар фалак на имрӯзист,
Ки ба доно ҳамеша ғам рӯзист.
Борҳо ин аҷузаи бадкор,
Карда бо нексиратон пайкор.
Ба тунукмоягӣ камар баста,
Моруштур ба думб хабар баста.
Боз даври хар асту харбозӣ,
Хӯрдааст одамӣ зи хар бозӣ.
Хар қумондону фотеҳи ҷанг аст,
Хар аламдори илму фарҳанг аст.
Хар нишаста ба маснади мавло,
Медиҳад хар ба хайру шар фатво.
Бар сари ояҳои Қуронӣ,
Хар кунад гуфтугӯ зи нодонӣ.
Гӯяд: Инҳо фасонаасту фусун,
Бикунедаш зи синаҳо берун.
Хар кунад ҳукму хар диҳад фармон,
Гӯядат: Сар ба пои ин хар мон.
Вой, аз он кас, ки ҳукм напзирад,
Равишу расми одамӣ гирад.
Эй Худо, бин, ки дар чӣ аҳволем,
Зери пои харон лагадмолем.
Теғро додаӣ ба саффокон,
Покбозон шаҳиди нопокон.
Он кӣ худро ба сидқ муъмин гуфт,
Рафт дар коми маргу дар хун хуфт.
Ёдам ояд зи марди рӯҳонӣ,
Ки дар он рӯзгори тӯфонӣ.
Дар Самангон табиби ҳозиқ буд,
Муъмину покбозу содиқ буд.
Чунки мерафт бар сари бемор,
Буд дасташ ба кору дил бедор.
Бар забон дошт номи Ҳақ ҷорӣ,