ҲАМСАФАР
Оҳ, ин ҷо куҷост, эй ёрон?Ман куҷоям, куҷо? Намедонам.
Мебарандам фариштагон то авҷ,
Кӯдаки хобдидаро монам.
Сабзаҳо шуста рӯю тоза димоғ,
Шохаҳо ширмасту атрогин.
Аз сари санг ончунон резанд,
Обшорон, ки аз фалак Парвин.
Як тараф кӯҳ ғарқа дар ҷангал,
Як тараф дашти пургулу райҳон.
Қалъаҳо шоду дар(р)аҳо шодоб,
Аждаҳое миёни дар(р)а равон.
Аждаҳое, ки меҷаҳад чолок,
Хуш-хуш он дар миёни дар(р)аву кӯҳ.
Ончунон шод мезанад фарёд,
Ки зи дил мебарад ғаму андӯҳ.
Аждаҳое, ки мебарад бо хеш
Кӯдаку пиру навҷавон ба сафар.
Эй сафаркардаам, куҷо ҳастӣ?
Ман ба ёди туям равон ба сафар.
Лоларӯе нишаста ҳамроям,
Ки яке шоҳкори зебоест.
Даст бар шонааш задам, гуфтам:
Ҳамсафар! Ин сафар чӣ рӯёест?
Лаби чун ғунчааш каме во шуд,
Гуфт: Чизе, ки ман надонистам.
Кард максеву гуфт: Донистӣ,
Гуфтам: Эй гулбадан, надонистам.
Гуфт: Эй шохаи надида баҳор,
Сахт мабҳути навбаҳоронӣ.
Аз кадомин чаман ҷудо шудаӣ,
Ки ба дидори сабза ҳайронӣ?
Гуфтамаш: Ҳамсафар маро дарёб,
Ки сукуте пур аз фиғон дорам.
Муддате шуд, ки аз чаман дурам,
Завқи дидори ошён дорам.
Ҳамсафар, ҳамсафар, ту медонӣ,
Ки маро низ ошёне ҳаст.
Хасу хоре ниҳодаам сари ҳам,