Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МЕЛОДИ ХУРШЕД

Хуршедро сипос, ки дар чашми ҳимматаш Кӯҳу гиёҳу қатраву дарё баробар аст. Хуршедро сипос, ки бе ҳеч миннате Файзаш барои ҳар кӣ бихоҳад муяссар аст. Хуршедро сипос, ки бо он мақому ҷоҳ Афтодагони роҳ фаромӯши ӯ нашуд. Дар бар кашид неку бади рӯзгорро Бебаҳра ҳеч зарра зи оғӯши ӯ нашуд. Хуршедро сипос, ки бо теғи бомдод, Аҳримани сиёҳии шабро ҷигар дарид. Аз мо ба бомдоди сиёҳикаш эҳтиром, Бар мо даричаҳои саҳарро, К-аз хуни шаб шароби сафеди саҳар кашид. Эй бомдоди пок! Эй ояи сафоию зебоию нишот. Ман лаҳзаҳои рӯишу пайдоиши туро, Мелоди пуртақаддуси хуршед хондаам. Эй бомдод, эй нафасат рӯзро паём, Бар мо дари даричаҳои саҳарро кушода дор. То офтоб бо ҳама гармию равшанӣ, Сад обшори нур намояд ба мо нисор.