ГУЛИ САФЕД
Парвонаҳои барф чу барги гули сафед
Рақсанд дар фазои пур аз сардию сукут.
Азбас хамӯш монда ту гӯӣ, ки шаҳрро
Бигрифтаанд яксара дар тори анкабут.
Ман дар утоқи хеш чу гунҷишки бепаноҳ,
Аз дӯстон ҷудояму танҳо нишастаам.
То нашканад сукути пур аз лаззати маро
Дарвозаро ба рӯи худ аз ғайр бастаам.
Аз пушти шишаҳои маҳолуди панҷара
Чашмам ба рӯи ҷодаи пурбарф хира монд.
Дидам, ки осмон ба сари рангҳои шаҳр,
Ранги сафеди сулҳу сафоро ҳамефишонд.
Дидам, ки коинот ба сахтӣ нафас кашад,
Дар як сукути васвасабору амиқу жарф.
Дидам, ки рангҳо ҳамагӣ маҳв мешаванд
Дар зери боли шабпараҳои сафеди барф.
Як лаҳза баъд ҳар чӣ ки дидам сафед буд,
Дарҳову бомҳову саракҳову сангҳо.
Бархоста бехудона нидое зи синаам,
Хушкида бод решаи табъизи рангҳо.