Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

МАРОМИ ЗИНДАГӢ

Мароми зиндагӣ саъйи мудом аст, Ба роҳи зиндагӣ роҳат ҳаром аст. Ба ғам хӯ гиру аз ишрат бипарҳез, Ки умри ханда чун гул бедавом аст. Шунидам пирамарде бо писар гуфт: Хатарҳо обуранги зиндагонист. Дили равшан ба даст овар, ки он ҳам Чароғи роҳи танги зиндагонист. Ба дарё мавҷи азхудрафтае гуфт: Агар ҷунбиш набошад, зиндагӣ нест. Фурӯғи зиндагӣ аз ҷунбиш ояд, Чароғи мурдаро тобандагӣ нест.