Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ДИЛ

Хаста шуд ин дил аз тапидану ман Хаста аз завқи ҷустуҷӯ нашудам. Маргро рӯ ба рӯйи худ дидам, Бо ту эй рафта рӯ ба рӯ нашудам. Солҳо шуд, ки рафтаию ҳанӯз Бо хаёли ту гуфтугӯи ман аст. Ҳама пурсанд: Орзуят чист? Диданат боз орзуи ман аст. Гарчи донам, ки барнамегардӣ, Дили ман аз умед лабрез аст. Аз баҳору шукуфа мегӯям, Фасли ман гарчи фасли поиз аст.