Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ХУДОЁ

Маро бо ин дили дардофарин бахш Худоё, барқи оҳи чархтозе. Дили санг аз шарар холӣ набошад, Дили моро на сӯзе, на гудозе. Маро не боғу не сарву суман бахш, На васли дилрабои симтан бахш. Ба ҳар кас ҳар чӣ хоҳӣ бахш, ё Раб, Ба ман танҳо ҳамин сӯзи сухан бахш. Илоҳо, ғарқа дар гирдоб то кай? Ҷаҳон бедору мо дар хоб то кай? Дар ин меҳнатсаро як чашми бедор, Чу анқо ин қадар ноёб то кай? Илоҳо, ман саропо дардам, аммо Ба бедардон гирифторам намудӣ. Дар ин маҳфил, ки ёрон ҷумла хобанд, Чаро ин гуна бедорам намудӣ? Илоҳо, ҷунбише бар мурдагон деҳ, Ба ман з-ин бештар тоби фиғон деҳ. Фиғонамро ба гӯше ошно кун, Ва ё чун дигарон гӯши гарон деҳ. Илоҳо, пучмағзон дар хурӯшанд, Ба нодонӣ фазилат мефурӯшанд. Кӣ дорад чашми бино, то бидонад, Ки ин гандумнамоён ҷавфурӯшанд. Ман аз рӯзи азал дардошноям, Зи бедардӣ нигаҳ дорад Худоям. Фиғонам нест бетаъсир, аммо Набошад ошно кас бо навоям. Зи оҳам метавон оташ фурӯзанд, Дар он оташ дурангиҳо бисӯзанд. Вале дуздида менолам ба олам, Ки метарсам даҳонамро бидӯзанд. Набурдам баҳра чандон аз ҳаётам, Дар ин гулшан чу шабнам бесуботам. Маро ҳастӣ намуда по ба занҷир, Бидеҳ, эй марг, з-ин маҳбас наҷотам.