Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АЗ КАДОМИН ШАБЕХУН?

Дигар магӯ, ки чӣ шуд, чун шуду чӣ пеш омад? Магӯ, ки хирмани моро кадом соиқа сӯхт? Дигар магӯ, кӣ ба ин корвон шабехун зад? Магӯ чӣ аҳримане оташи фасод афрӯхт? Магӯ, кӣ бурд ба тороҷ ҳастии моро Ва бар сари чӣ дуконе ниҳоду чанд фурӯхт? Ки ман шинохтаам дуздҳои қофиларо. Фиреби отифа аз кас махӯр, ки мебинам Ҳама фаришта ба зоҳир, ҳама ба дил шайтон, Яке ба теғи таҳаввул дарид синаи мо, Яке ба мармии дин кард мағзи мо пошон. Ба ҳар кӣ даст бидодем, дасти мо бибрид, Ба ҷойи нафъ расид аз ҳама ба мо товон. Чӣ гӯямат, ки шаҳиди кадом сайёдем, Зи хуни мо ба ҳама ҳалқаҳо нишон, Агар ба Ғӯр бибинӣ тамоми силсиларо. Зи пора-пора тани мо расида тақсиме, Ба ҳиндуву ба мусалмону исавию яҳуд. Ману ту дасту гиребон, ману ту дар даъво, Ману ту монда ба сангар шаҳиду хунолуд. Ману ту рафта ба тороҷ пеши чашми ҷаҳон, Ману ту ғарқаи селоби хуну оташу дуд. Чӣ мағзҳо, ки нишастанду чора санҷиданд, Чӣ пойҳо, ки дар ин роҳ хаста шуд, фарсуд. Нашуд, ки мову ту поён диҳем ғоиларо.