Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

ТАВСАНИ ЗУҲД

Мухаммас бар ғазали Муштоқи Исфаҳонӣ Бирав, ки чашмам, ҷудо зи рӯяш, ба рӯйи мардум, намешавад во, Бирав, ки дур аз ҷамоли ҷонон, дилам надорад сари тамошо, Ману таманнои шамъу шоҳид, тую суханҳои хушку тақво, «Махон зи дайрам ба Каъба зоҳид, ки бурда аз каф дили ман он ҷо, Ба нола мутриб, ба ишва соқӣ, ба ханда соғар, ба гиря мино». Агар ба ваҷд оям аз дафу най ва ё бигирам қадаҳ паёпай, Зи дард месӯзадам рагу пай, макун ту манъам зи мутрибу май, Касе надидам зи Рум то Рай, ки васфи ӯро бипурсам аз вай, «Ба ақл нозӣ ҳаким то кай, ба дониш ин раҳ намешавад тай, Ба кина з-оташ хирад барад пай, агар расад хас ба қаъри дарё». Гарат набошад сафои ботин, чӣ суд будан ба васл моил? Ба тавсани зуҳд то куҷоҳо, кунӣ ту зоҳид, тайи мароҳил? Надида бошӣ, ки чуғд гардад, ба меҳри тобон гаҳе муқобил, «Чу нест биниш ба дидаи дил, Ҳақ ар намояд рухат чӣ ҳосил? Ки ҳаст яксон ба чашми кӯрон, чӣ нақши пинҳон, чӣ ошкоро». Ба кӯрароҳи ҷаҳон чу дидӣ, дило, ту садҳо баланду пастӣ, Зи дасту по риштаи қаноат, ба ҳеч сурат намегусастӣ, Назебад аз ту, ки банд бошӣ, чунин ба доми ҳаваспарастӣ, «Чу нест қадрат ба айшу мастӣ, бисоз, эй дил, ба тангдастӣ, Чу қисмат ин шуд зи хони ҳастӣ, дигар чӣ хезад зи саъйи беҷо?» Гаҳе чу амвоҷи масти дарё, гаҳе чу оташ ба печутобам, Гаҳе ба доми хирад асирам, гаҳе ба доғи ҷунун кабобам, Бирав, ту носеҳ, макун итобам, чӣ пурсӣ аз ман, чаро харобам? «Рабуда меҳре чу зарра тобам, зи офтобе дар изтиробам, Ки гар фурӯғаш ба кӯҳ тобад, зи беқарорӣ дарояд аз по». Ба гул набинам, ки шохи гулро, на ноз бошад, на рангу бӯят, Зи хулд ҳам рӯй тобад ин дил, агар набинад биҳишти рӯят, Куҷо равад мурғи ҷони Фонӣ, чу карда одат ба доми мӯят, «Ҳамин на Муштоқ дар орзуят, мудом гирад суроғи кӯят, Тамоми олам ба ҷустуҷӯят, ба Каъба зоҳид, ба дайр тарсо».