БА ШОҲБОНУИ ҒАЗАЛ
Ба муносибати сафари
Симини Бебаҳонӣ
Қаҳтсоли ишқ омад, шуд аҷиб давроне,
Не ба синаҳо дарде, не ба мижа бороне.
Дар фасонаи зоҳид тавбаею тазвире,
Дар таронаи шоир шикваею ҳазёне.
Ҳар киро бувад пойе, бар даре лагад кӯбад,
Ҳар киро бувад дасте, медарад гиребоне.
Кишвари Саноӣ сӯхт дар шарори тафриқе,
Зодгоҳи Румӣ рафт дар танӯри сӯзоне.
Хонақоҳи Ҷомиро сел бурду вайрон кард,
«Хамса»-и Низомиро шуст турфа бороне.
Гарчи қиссаи моро нест гӯши таҳқиқе,
Гарчи ғуссаи моро нест марзу мизоне.
Имшаб, эй ғами ғурбат, вогузор танҳоям,
Дорам аз диёри дур баргузида меҳмоне.
Аз сарочае Аттор накҳати Баҳор овард,
Шоири сухансанҷе, бонуи сухандоне.
Ҷоми Ҳофизаш бар каф, панди Саъдияш дар гӯш,
Аз риё гурезоне, ишқро санохоне.
Аз асолати имон бурда баҳраи вофир,
Бо рисолати инсон баста аҳду паймоне.
Нахли одамиятро шохаи барӯманде,
Кохи маънавиятро машъали дурахшоне.
Табъи софу симинаш дорад аз ғазал ганҷе,
Хомаи нигоринаш дорад аз ҳунар коне.
Гаҳ ба шеъри худ резад хӯша-хӯша Парвинро,
Гаҳ зи хеш бигрезад бо тани дурахшоне.
По ба пойи ӯ рафтан нест дар тавони ман,
Пеши ӯ сухан гуфтан нест кори осоне.
Ман ба гӯшаи ғурбат тагдарахти бебарге,
Ӯ ба бешаи шуҳрат чашмасори ҷӯшоне.
Ман чу буттаи ғамгин, сар ба ҷайби танҳоӣ,
Ӯ дарахти фарвардин пуршукуфадомоне.
Гарчи ӯ бувад озод, ман асири савдоҳо,
Гарчи ӯ бувад обод ман бинои вайроне.
Хирмани ману ӯро як шаҳоб оташ зад,
Ҳарду аз яке селоб дидаем товоне.