БА ХУРШЕДЕ, КИ ДАР МЕҲРОБ ҒУРУБ КАРД
Гардида дашту кӯҳи Ватан Карбало Алӣ,
Афтода марду кӯдаку зан дар бало Алӣ.
Исломро бибин, ки чӣ бадном кардаанд,
Шайху фақеҳу муҳтасибу порсо Алӣ.
Дилҳояшон зи дуди кудурат гирифта занг,
Ҷонҳояшон ба фитнагарӣ мубтало Алӣ.
Иблис ҷо гирифта ба дилҳову синаҳо,
Шайтон ҳулӯл карда ба андешаҳо Алӣ.
Аз кин шарар ба хирмани халқи Худо зананд,
Не тарс аз Худо, на зи Шери Худо, Алӣ.
Ҳар бидъате ба номи шариат бапо кунанд,
Не шармашон зи худ, на зи мардум ҳаё Алӣ.
Бар рух ниқоби дин зада шайёдҳои даҳр,
Ин чеҳраҳо чӣ гуна кунам бармало Алӣ?
Фарёди эътироз касе гар кунад баланд,
Гӯянд кофар асту диҳандаш сазо Алӣ.
Бар хосу ом туҳмати илҳод мезананд,
Ин мункарони раҳмати оми Худо Алӣ.
Шарҳи кадом гӯшаи ин достон диҳам?
Воқифтар аз манӣ ту аз ин моҷаро Алӣ.
Гоҳи каромат аст, карам кун, ки сӯхтем,
Вақти мадад расида, мадад кун, ту ё Алӣ.
Пуштам зи бори туҳмати нобихрадон хамид,
Ин борро, бигӯ, бикашам то куҷо Алӣ?
Олудагон мақоми имомат гирифтаанд,
Ман аз пайи кадом кунам иқтидо Алӣ.
Ман донаму ту донию донад Худои мо,
З-он лаҳзае, ки бо ту шудам ошно Алӣ.
Табъи ман аз тафили ту гардид нуктасанҷ,
Шамъи маро чароғи ту дод ин зиё Алӣ.
Омӯхтам зи ту, ки наларзад дилу танам,
Дар роҳи Ҳақ агар шавадам ҷон фидо Алӣ.
Савганд мехӯрам ба сиришти паямбарон,
Гар сад ҳазор бор бияфтам зи по Алӣ.
Хезам ба по дубораву аз Ҳақ занам сухан,
Душман агар кунад сарам аз тан ҷудо Алӣ.
Ман нахли солманди замини садоқатам,
З-ин бодҳои суст наҷунбам зи ҷо Алӣ.