Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҷони ширин аст гуфтам он ду лаб, гуфт он даҳон:
Ҷони ширин аст гуфтам он ду лаб, гуфт он даҳон: Дар миёни ҷони ширин сирри мо бояд ниҳон. Кай латифонро бувад тоби дуруштӣ ин ҳама, Аз даҳон берун маёвар сӯйи л
Нест ҷуз риштаи ҷон к-аз лаби борики даҳон,
Нест ҷуз риштаи ҷон к-аз лаби борики даҳон, Ба шакарханда кушояд гиреҳ аз кори ҷаҳон. Дил ҳамеҷуст нишоне зи миёни ту, вале Ҷуз магар з-он талабаш ҳеч наёмад ба
Ақл мегуфт, ки чанд аст сифоти туву чун,
Ақл мегуфт, ки чанд аст сифоти туву чун, Ишқ зад бонг, ки субҳонака аммо ясифун. Шеваи ишқ бувад кашфи ҳақоиқ кардан, Ақл аз уҳдаи ин кор наёяд берун.
Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем,
Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем, Дар як назора куштаи ҷавлони ӯ шавем. Ҷавлонгаҳаш кадом замин аст, к-аз мижа, Хошокрӯби арсаи майдони ӯ шавем.
Шаб нест, ки аз завқи рухаш зор намирам,
Шаб нест, ки аз завқи рухаш зор намирам, Сад раҳ нашавам зиндаву сад бор намирам. Ҳар дам натавон рӯи ту дид, ин қадарам бас, К-аз меҳнати маҳрумии дидор намира
Чу моҳи ман сафарӣ шуд, ватан намехоҳам,
Чу моҳи ман сафарӣ шуд, ватан намехоҳам, Ватан чӣ чиз бувад, зистан намехоҳам. Ҳиҷоби ҷони ман омад бадан зи суҳбати ӯ, Маро бас аст ҳамин ҷон, бадан намехоҳам.
Маро кай бошад он ёро, ки чашм аз ёр барбандам,
Маро кай бошад он ёро, ки чашм аз ёр барбандам, Ба қавли пандгӯён дида аз дидор барбандам. Бирафт аз дасти ман сарриштаи тасбеҳ, кӯ торе, Зи зулфи тор-тори ёр,
Надорам сабр, к-аз рӯйи ту чашми хунфишон бандам,
Надорам сабр, к-аз рӯйи ту чашми хунфишон бандам, В-агар аз ман бипӯшӣ рӯй, аз номат забон бандам. Гирифторам ба банди ишқи ту, аз ман машав ранҷа, Пайи рӯпӯш а
Шаб хаёлат чу шавад пардагии манзари чашм,
Шаб хаёлат чу шавад пардагии манзари чашм, То саҳар аз мижа мисмор занам бар дари чашм. Чашмам аз лаъли ту шуд ҳуқаи гавҳар, бихиром, То ба пойи ту кашам ҳуқаи
Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам,
Аҷаб дардест дар ҷонам, ки дармонаш намедонам, Зи оғозаш наям огоҳу поёнаш намедонам. Чу чавгон бозад он маҳрух, касе кай сар кашад, чун ман
Рӯзи мурдан к-аз висоли дӯстон дил барканам,
Рӯзи мурдан к-аз висоли дӯстон дил барканам, Аз ҳама осон, валекин аз ту мушкил барканам. Дар муқобил чун занӣ хиргаҳ чу маҳ, ҳошо ки ман, Хайма бар азми ҷудоӣ
Ман басе хубони олам дидаам,
Ман басе хубони олам дидаам, Чун ту дар олам касе кам дидаам. Чашми ман бенам мабодо гар гаҳе, Чашми худро бе ту бенам дидаам.
Эй, равшан аз фурӯғи рухат хонаи дилам,
Эй, равшан аз фурӯғи рухат хонаи дилам, Нақди ғами ту ганҷ ба вайронаи дилам. Аз ғам маро чӣ бим, ки ҳаст аз ҳарими васл, Сад равзани умед ба ғамхонаи дилам.
Кардӣ зи рондагони дари худ шумораам,
Кардӣ зи рондагони дари худ шумораам, Дар кӯйи ту на саг, на гадоям, чӣ кораам? Рӯзӣ нашуд зи сели сиришкам лиқои ту, Холист аз фурӯғи саодат ситораам.
Гар зи бори ғами ҳиҷри ту ба танг аст дилам,
Гар зи бори ғами ҳиҷри ту ба танг аст дилам, Чӣ кунам, қатраи хун аст, на санг аст дилам. Ҷазби ишқи ту наҳанги дуҷаҳоношом аст, Гоми ҳиммат зада дар коми наҳан
Аз ниҳонхонаи васли ту ҷудо афтодам,
Аз ниҳонхонаи васли ту ҷудо афтодам, Ман куҷо будам аз ин пешу куҷо афтодам. Ҷонам аз сатвати бечунии ту бечун буд, Дур мондам зи ту дар чуну чаро афтодам.
Бурун хиром, ки андар раҳи ту хок шавам,
Бурун хиром, ки андар раҳи ту хок шавам, Раво мадор к-аз ин орзу ҳалок шавам. Ҷудо зи хоки дарат гар фитам ба оби ҳаёт, Чу моҳиёни ҷигарташна дар тапок шавам.
Ҳар дам аз кӯйи ту хоҳам мани шайдо биравам,
Ҳар дам аз кӯйи ту хоҳам мани шайдо биравам, Ҷон супорам ба сагонат тани танҳо биравам. Мешавам боз пушаймон, ки на мақдури ман аст, Ки ба ҷое, ки ту бошӣ ман а
Бархез то ба ҷониби гулшан гузар кунем,
Бархез то ба ҷониби гулшан гузар кунем, Пеши синони хори ғам аз гул сипар кунем. Чун ғунча лаб ба ханда кушоем дар чаман, Хунҳои баста таҳ ба таҳ аз дил бадар к
Зи хатти сабзахатон сабза чун кунад шодам,
Зи хатти сабзахатон сабза чун кунад шодам, Диҳад шукуфа зи мӯйи сафеди худ ёдам. Шамими сунбулу бӯйи гулам зи бод чӣ суд? Чунин ки умри гаронмоя рафт бар бодам.
Бинамат эй хирад ба кори ту гум,
Бинамат эй хирад ба кори ту гум, Коргаҳи чарх коргари анҷум. Ки шиносад туро асири ҷиҳот, Чӣ хабар пашшаро зи хориҷи хум?
Эй, номзад ба номи ту дар номаи қабул,
Эй, номзад ба номи ту дар номаи қабул, Ё айюҳал набӣ ва ё айюҳал расул. Борони раҳмати ту ки аз осмони ҷуд, Бар ошиқони ташнаҷигар кардаи нузул.
Қад роқани ҷамолука ё рокиб ал ҷамал,
Қад роқани ҷамолука ё рокиб ал ҷамал, Инзил фаина ҳуббак бил қалби қад вассал. Васфи ту чун кунем, ки дар ояти рухат Ҳуснест ло язолу ҷамолест лам язал.
Эй, хату лаб туро ба ҳам наздик,
Эй, хату лаб туро ба ҳам наздик, Хизру оби бақо ба ҳам наздик. Бар сари кӯйи ту зи хории ишқ, Подшоҳу гадо ба ҳам наздик.
Муҳтасиб андохт дар майхона санг аз роҳи ҷанг,
Муҳтасиб андохт дар майхона санг аз роҳи ҷанг, Войи риндон, гар дарояд пойи хум якраҳ ба санг. Маҷлиси он маҳ баҳористони айшу ишрат аст, Гул дар ӯ рухсори соқӣ
