Зи хатти сабзахатон сабза чун кунад шодам,
Зи хатти сабзахатон сабза чун кунад шодам,
Диҳад шукуфа зи мӯйи сафеди худ ёдам.
Шамими сунбулу бӯйи гулам зи бод чӣ суд?
Чунин ки умри гаронмоя рафт бар бодам.
Чу шохи мева, ки дорад шукуфа пеш аз барг,
Надида барги ҷавонӣ ба пирӣ афтодам.
Зи гиря пой ба гил мондаам чу сарву ҳанӯз,
Зи майли қомати гулчеҳрагон на озодам.
Ба ғайри пушти хамида намонд бо ман ҳеч,
Пайи суҷуди бутон, баски пушт хам додам.
Агар на ҳамчу алиф ростам чӣ тадбир аст?
Ба лавҳи ҳастӣ аз ин сон гумошт устодам.
Дил аз бутони паризода чун канам Ҷомӣ?
Чу ман зи модари фитрат бад-ин сифат зодам.