Бинамат эй хирад ба кори ту гум,
Бинамат эй хирад ба кори ту гум,
Коргаҳи чарх коргари анҷум.
Ки шиносад туро асири ҷиҳот,
Чӣ хабар пашшаро зи хориҷи хум?
Бе ту деҳқон чӣ сон бурун орад,
Гандум аз хӯша, хӯша аз гандум?
Дар вуҷуд аст бедавом он кас,
Ки зад Одам хитоби ӯ дум-дум.
Ҳастии ғайри ту ба фикрати ақл
Дидаи аҳвал асту нақши дувум.
Шакли парвину сурати маҳи нав,
Чист зоҳир шуда бар ин торум.
Дорад аз захми тавсани қаҳрат,
Ҳам зи дандон нишону ҳам аз сум.
Холӣ аз лутфат имтидоди ҳаёт,
Заҳрнок афъӣ аст, сар то дум.
Ҷони Ҷомӣ фидои мардоне,
К-аз малакшон гузидиву мардум.