Эй, хату лаб туро ба ҳам наздик,
Эй, хату лаб туро ба ҳам наздик,
Хизру оби бақо ба ҳам наздик.
Бар сари кӯйи ту зи хории ишқ,
Подшоҳу гадо ба ҳам наздик.
Кун вафо, ваъдаи ҷафо, ки бувад,
Ин ҷафову вафо ба ҳам наздик.
Бо ту ҳамсоягӣ чӣ суд кунад?
Дил зи ҳам дуру ҷо ба ҳам наздик.
Ҳоли чашмам зи абр пурс, ки ҳаст,
Ҳардуро моҷаро ба ҳам наздик.
Шуд танам чун зиреҳ, зи баски расид
Аз ту тири ҷафо ба ҳам наздик.
Ҳавасе дон зи ҳадди имкон дур,
Дигарон дуру мо ба ҳам наздик.
Ҷомиву фикри васлат, оре, ҳаст
Ишқу мохулиё ба ҳам наздик.