Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар дам аз кӯйи ту хоҳам мани шайдо биравам,

Ҳар дам аз кӯйи ту хоҳам мани шайдо биравам, Ҷон супорам ба сагонат тани танҳо биравам. Мешавам боз пушаймон, ки на мақдури ман аст, Ки ба ҷое, ки ту бошӣ ман аз он ҷо биравам. Гар кушоянд дари равзаи ризвон, ҳошо, Ки аз ин дар ба таманнои тамошо биравам. Тӯтии бесуханам, з-ин қафаси танг ба ҷон, Бикушо лаб, ки ба шукри ту шакархо биравам. Бо ту бемории худро чӣ диҳам шарҳ, ки ҳаст, Ҳарду пеши ту яке гар бизиям ё биравам. Ишқи ман бо ту қадим аст, наям чун дигарон, К-оям имрӯз ба кӯйи туву фардо биравам. Чанд гӯйӣ, ки бирав, Ҷомӣ, аз ин дар бикшой, Гираҳи зулф зи пои ваю фардо биравам.