Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ
Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ, Ҷустам, аз ҳар кӣ буд дар офоқ. Бар сару пои он кутуб гаштам, Бар баду неки халқ бугзаштам,
На ғалла, маро к-аз ў тавонам нўшид
На ғалла, маро к-аз ў тавонам нўшид, На муҳмали ғалла, то тавонам пўшид. Онро ки на хўрдан асту на пўшидан, Дар илму ҳунар кучо тавонад кўшид?
Дар Самарқанд, агарчи беқадрам
Дар Самарқанд, агарчи беқадрам, Чун Умар дар вилояти Кошон, На ба ирфони ман касеро илм, На касеро ба илми ман ирфон.
Буд Кисро нишаста хурраму шод
Буд Кисро нишаста хурраму шод, Сухани Ҳинд дар миён афтод. Гуфт шахсе: «Дар он диёри васеъ, Ҳаст кӯҳе дар он дарахти рафеъ.
Рӯзе аз рӯзҳо магар Беҳрӯз
Рӯзе аз рӯзҳо магар Беҳрӯз, Рафт берун ба толеи фирӯз. Дид биншаста паҳлӯи Баҳром, Чанд фард аз авоми каланъом
Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо
Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо, В-ин далқи гардхӯрда сад пора дар тани мо. Дил сокинӣ надорад бе хоки остонат, Эй хоки остонат то ҳашр маскани мо!
Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо
Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо, Ки дар ту кор накардаст дарди кории мо. Шунидаам, ки кушодӣ забон ба душномам, Азизи ман, чӣ кушояд туро зи хории мо?
Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо
Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо, Ғам хур, эй дил, ки ба ҷуз ғам набувад дархури мо. Дардмандему хабар медиҳад аз сӯзи дарун Даҳани хушку лаби ташнаву ч
Айюҳа-л-атшон фӣ ал-водӣ-л-ҳаво
Айюҳа-л-атшон фӣ ал-водӣ-л-ҳаво, Ҷӯй-ҷӯён ҷониби дарё биё! Обро пеши лаби ҳар ташнае Қолати-л-аквобу қул-қул қавлано.
Эй ғамат ёри бенавоиҳоё
Эй ғамат ёри бенавоиҳо, Бо ман аз дер ошноиҳо. Аз чароғи рухат ба хонаи чашм Дар шаби тира рӯшноиҳо.
Эй саропардаи султони хаёлат дили мо
Эй саропардаи султони хаёлат дили мо, Карда дарду ғами ту хона дар обу гили мо. Сар ба фирдавс наёрем чу зулфи ту фурӯ, То ба хоки сари кӯи ту бувад манзили мо.
Эй равшанӣ аз рӯи ту чашми нигаронро
Эй равшанӣ аз рӯи ту чашми нигаронро, Ин равшании чашм мабодо дигаронро. Бо ҳусни туву нози ту сӯзеву ниёзе Ҷони нигаронро, дили соҳибназаронро.
Эй хати ту сабзии хони бало
Эй хати ту сабзии хони бало, Холи сиёҳи ту нишони бало. Лаъли лабат, к-он дили ман кард хун, Хонамаш аз дарди ту кони бало.
Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро
Эй бод, макаш турраи ҷононаи моро, Занҷир маҷунбон дили девонаи моро! Он шамъи Чигил гӯ, ки ба рақc ораду парвоз Ин сӯхтадилҳои чу парвонаи моро.
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро
Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро, Бо дигар кас ошноӣ хуш намеояд маро. Гӯиям: рав з-ин дару султони вақти хеш бош, Баъди султонӣ гадоӣ хуш намеояд маро.
Аз ту натвонад буридан кас ба осонӣ маро
Аз ту натвонад буридан кас ба осонӣ маро, Гар намедонад касам, боре ту медонӣ маро. Миҷмари ишқи туро уд аз вуҷуди худ кунам, Гар барои имтиҳон чун уд сӯзонӣ ма
Дар наъти ҳазрати Муҳаммад (с)
Эй моҳи рухсори ту матлаъи субҳи яқин, Ғошияи кибриёт шаҳпари Руҳулъамин. Оинадори рухат орази моҳи тамом, Такягоҳи минбарат пояи чархи барин.
Забон чӣ моя тавон доштан чунин ба ниём?
Забон чӣ моя тавон доштан чунин ба ниём? Сухан бибояд гуфтан ба ҷойгоҳ тамом. Газанди хомӯш будан ба ҷойгоҳи сухан Баробар ояд бо гуфтан ба ноаҳангом.
Дареги он ки гирд кард бо ранҷ
Дареги он ки гирд кард бо ранҷ, К-аз ӯ нест баҳри ман ҷуз сутом. Ҳало, Рӯдакӣ, аз кас андар матоб, Бикун ҳар чи карданист бомудом,
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд
Касон, ки талхии заҳри талаб намедонанд, Туруш шаванду битобанд рӯ зи аҳли суол. Туро, ки мешунавӣ, тоқати шунидан нест, Маро, ки металабам, худ чӣ гуна бошад ҳ
Сангу гавҳар якест чун нахарӣ
Сангу гавҳар якест чун нахарӣ, Чӣ кунӣ хонумони худ пурсанг? Ба ду тангӣ басанда кор мабош, Тангии гӯру зиндагонии танг.
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил
З-он май, ки гар сиришке аз он дарчакад ба Нил, Сад сол маст бошад аз бӯйи ӯ наҳанг. Оҳу ба дашт агар бихӯрад қатрае аз ӯ, Ғурранда шер гардаду н-андешад аз пал
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон
Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон, Чунон-к ҷоҳи ман афзун буд аз судуру мулук. Кунун ҳамонаму хона ҳамону шаҳр ҳамон, Маро нагӯйӣ, к-аз чӣ шудаст шодӣ суку
Он чи бо ранҷ ёфтӣ-шу ба зулл
Он чи бо ранҷ ёфтӣ-шу ба зулл, Ту ба осонӣ аз гизофа мадеҳ! Хеш бегона гардад аз пайи суд, Хоҳӣ он рӯз музд камтар деҳ!
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳе дур
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳе дур, Ба хидмат омад некусиголу некандеш. Писанд бошад мар хоҷаро пас аз даҳ сол, Ки бозгардад пиру пиёдаву дарвеш?!