Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
К
Камолиддин Биноӣ

Дар Самарқанд, агарчи беқадрам

Дар Самарқанд, агарчи беқадрам, Чун Умар дар вилояти Кошон, На ба ирфони ман касеро илм, На касеро ба илми ман ирфон. Дар ғариби агарчи беқадрам, Чун қамар дар авохири мизон. Беҳ, ки бошам ба мулки худ чун шамс, Монда дар иқдаи Занаб ҳайрон.